Ноябр 2020
24 Ноябр 2020
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар вазорат ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
- Подробности статьи
24 ноябри соли 2020 дар Вазрати рушди иқтисод ва савдо ҷамъомади тантанавии ҳайати кормандони вазорат ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамоишро Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид ифтитоҳ карда, ҳозиринро аз номи роҳбарияти вазорат ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ табрику муборакбод намуда, қайд кард, ки Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосир, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштагони мо, ҳамзамон ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми кишвар мебошад.
Читать далее20 Ноябр 2020
Солеҳзода Ашурбой Абдулвоҳид
- Подробности статьи
Солеҳзода Ашурбой Абдулвоҳид
Санаи таваллуд: 12 феврали соли 1974 |
Ҷойи таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Б. Ғафуров |
Маълумот: Олӣ |
Хатмкардаи: |
Ихтисос: Муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ (МИБ) |
Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, ш.Душанбе: 1996 – Муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ (МИБ) (бо дипломи аъло) 2004 – Шабакаи таҳсилот (EdNet) 2001 – Магистри иқтисодиёт Унвони илмӣ: номзади илмҳои иқтисодӣ, датсент. |
Кадом забонҳои хориҷиро медонад: Тоҷикӣ – модарӣ, Русӣ – озод, Англисӣ – озод. |
Кадом мукофоти давлатӣ дорад: Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени «Шараф дараҷаи II» мукофонида шудааст. |
Собиқаи корӣ:
1991 – 1996 |
Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон |
1996 – 2006 |
Ассистент, муаллими калон, дотсенти кафедраи муносибатҳои иқтисодии байналхалқии Донишгоҳи милли Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
1999 – 2001 |
Муовини декани факултети баҳисобгирию иқтисодӣ, шаҳри Душанбе |
2004 – 2006 |
Муовини декани факултети молявию иқтисодӣ, шаҳри Душанбе |
2006 – 2010 |
Мудири кафедраи муносибатҳои иқтисодии байналхалқии факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи милии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
2010 – 2013 |
Декани факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи милии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
2013 (08-12) |
Муовини ректори Донишгоҳи милии Тоҷикистон оид ба илм, шаҳри Душанбе |
2013 – 2017 |
Ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
2017 – 2020 |
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии оид ба масъалаҳои иқтисодӣ |
2020 – то ҳол |
Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Читать далее
18 Ноябр 2020
Ситоди ҷумҳурявӣ оид ба зимистонгузаронӣ
- Подробности статьи
Санаи 18 ноябри соли 2020 ҷаласаи Ситоди ҷумҳурявӣ оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, №199 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъоляти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021» таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ баргузор гардид, дар он омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба зимитонгузаронӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Читать далееҶаласаи 15-уми Гурӯҳи корӣ оид ба савдои Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) таҳти Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
- Подробности статьи
16 ноябри соли 2020 ҷаласаи 15-уми Гурӯҳи корӣ оид ба савдои Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) бо роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ тавассути видеоконфронс баргузор гардид.
Читать далее17 Ноябр 2020
Насриддинзода Рухшона Ҳикматулло
- Подробности статьи
Насриддинзода Рухшона Ҳикматулло
Санаи таваллуд: 28 июли соли 1973 |
Ҷойи таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Маълумот: Олӣ |
Хатмкардаи: |
Кадом забонҳои хориҷиро медонад: Тоҷикӣ – озод, Русӣ – озод. Ихтисос: Иқтисодчӣ |
Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, ш.Душанбе: Иқтисодчӣ (бо дипломи аъло) Кадом мукофоти давлатӣ дорад: «Хизмати шоиста», фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.08.2019, №1336 |
|
|
Собиқаи корӣ:
1990 – 1995 |
Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон |
1993-1995 |
Мутахассиси дараҷаи 2-юми шуъбаи сиёсат ва методологияи нархгузории Вазорати иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
1995-1999 |
Мутахассиси дараҷаи 1-уми Раёсати сиёсати зиддимонополӣ, пулӣ, арзӣ ва қарзии Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
1999-2001 |
Мутахассиси пешбари шуъбаи захираҳои давлатии Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
2001-2005 |
Мутахассиси пешбари Раёсати захираҳои давлатӣ, сафарбарӣ ва амволи Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
2005-2007 |
Сармутахассиси Раёсати захираҳои давлатӣ ва хариди давлатии Департаменти хариди давлатӣ ва савдои Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
2007-2010 |
Сармутахассиси Раёсати хариди давлатӣ, фаъолияти биржавӣ ва амволи махсуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумњурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
2010-2012 |
Сармутахассиси шуъбаи захираҳои сафарбарӣ ва хариди давлатии Сарраёсати таҳлили конъюнктураи бозор ва танзими фаъолияти тиҷоратии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
2012-2013 |
Сардори Раёсати кадрҳо ва бахши махсуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
2013-2020 |
Сардори Сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
2020 то ҳол – Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Читать далее16 Ноябр 2020
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолии кишвар корнамоиҳои бузурги иқтисодӣ нишон доданд
- Подробности статьи
Рӯзи 16 ноябри соли 2020 дар Вазрати рушди иқтисод ва савдо ҷамъомади тантанавии ҳайати кормандони вазорат ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамоишро Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ифтитоҳ карда, ҳозиринро аз номи роҳбарияти вазорат ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, қайд кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолии кишвар корнамоиҳои бузурги иқтисодӣ нишон доданд.
Читать далее12 Ноябр 2020
Мулоқоти Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ бо Намояндагони Ассотсиатсияи «KOSHUMA»
- Подробности статьи
12 ноябри соли 2020 Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдураҳмонзода А.С. бо ҳайати Корея таҳти роҳбарии Намояндаи Ассотсиатсияи «KOSHUMA» ҷаноби Ҷэ Бок Шин мулоқот намуданд. Инчунин дар мулоқоти мазкур Сафири Фавқулода ва Муҳтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сеул муҳтарам Шарифзода Ю. иштирок карданд.
Читать далееИштироки кормандон дар намоиши драмавии "Ишқи Ватан"
- Подробности статьи
11 ноябри соли 2020 дар Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ" драмаи "Ишқи Ватан" баргузор гардид. Дар намоиши мазкур кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Муассисаи давлатии «Маркази миллии патентии иттилоотӣ»-и вазорат иштирок намуданд. Намоиш ба ифтихори «75 солагии ғалаба дар ҷангӣ бузургӣ Ватанӣ» ва ба рӯзгори фаъоляти шоири ҷанговар Ҳабиб Юсуфӣ бахшида шуда буд.
Читать далее10 Ноябр 2020
Иштирок дар ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай
- Подробности статьи
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки тариқи видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Читать далее