Все статьи
10 Феврал 2021
Ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Россия
- Подробности статьи
8-9 феврали соли 2021 дар шаҳри Москва ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баргузор шуд.
Читать далееТавсияи Хазинаи Байналмилалии Асъор ба Федератсияи Россия оид ба паст кардани меъёри фоизӣ
- Подробности статьи
Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) ба Бонки Марказии Федератсияи Россия (ФР) тавсия дод, ки меъёри фоизиро дар соли 2021-ум 0,5 банди фоизӣ паст кунад.
Аз рӯи арзёбии ХБА таваррум дар ФР то охири соли 2021 3,5 фоизро ташкил медиҳад. Бонки Марказии ин кишвар таваррумро то охири сол 3,5-4 фоиз баҳодиҳӣ мекунад.
Бонки марказии ФР бори аввал дар соли 2020 барои дастгирии сиёсати пулию қарзӣ ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои пандемияи COVID-19 меъёри фоизиро то 4,25 фоизи солона паст намуд. Дар охири соли 2020 таваррум дар ФР 4,9 фоизро ташкил дод, дар ҳоле ки дар соли 2019 он 3 фоиз буд. Дар моҳи январ таваррум 5,2 фоизро ташкил кард.
Читать далее09 Феврал 2021
Вохӯрии Муовини якуми Вазир Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид бо Роҳбари Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (JICA) Мунео Такасака
- Подробности статьи
Рӯзи 9 феврали соли 2021 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Муовини якуми Вазир Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид бо Роҳбари Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (JICA) Мунео Такасака баргузор гардид.
Читать далееАфзоиши рекордии нархи Биткоин
- Подробности статьи
Тибқи маълумоти портали Коин Маркет Кеп (CoinMarketCap) нархи як Биткойн ба 44000 доллар баробар гардида, ба сатҳи рекордӣ расид. Сабаби асосии он сармоягузории ширкати Тесла (Tesla) ба ин намуд асъор ба миқдори 1,5 млрд. доллар мебошад.
Бозори криптоасъор дар маҷмӯъ тамоюли болоравӣ дорад. Ҳаҷми умумии сармояи бозори криптоасъор дар ин давра ба 1,3 трлн. доллар расидааст.
Читать далее08 Феврал 2021
Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
- Подробности статьи
|
ММД |
108,4% |
|
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ |
120% |
|
Саноати коркард | 107,6% |
|
Таъминоти об, газ, буғ ва тозакунии ҳаво |
134,9% |
|
Маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ | 110,6% |
Содирот | 79,5% | |
Воридот | 119,2% | |
Боркашонӣ бо ҳамаи намудҳои нақлиёт, млн. тонна ҳамагӣ | 111,5% | |
Мусофиркашонӣ бо ҳамаи намудҳои нақлиёт, млн. нафар ҳамагӣ |
113,4% |
Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2023
|
ММД |
108,3% |
|
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ |
112% |
|
Саноати коркард | 112,3% |
|
Таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво |
120,9% |
Маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ | 109% | |
Содирот | 114,3% | |
Воридот | 113,8% | |
Боркашонӣ бо ҳамаи намудҳои нақлиёт, млн. тонна ҳамагӣ | 116,6% | |
Мусофиркашонӣ бо ҳамаи намудҳои нақлиёт, млн. нафар ҳамагӣ |
109,8% |
Читать далее
Дастгирии давлатӣ барои бартараф намудани таъсири коронавируси COVID-19 дар ИМА
- Подробности статьи
Президенти ИМА ва вазири молияи ИМА бо як қатор роҳбарони ширкатҳои амрикоӣ маҷмӯи тадбирҳоро оид ба дастгирии иқтисодиёт баррасӣ намуданд. Ҳаҷми барномаи дастгирии давлатӣ 1,9 трлн. долларро ташкил медиҳад.
Тибқи нақшаи пешниҳоднамудаи Президенти ИМА ба ҳар як шаҳрванди кишвар пардохтҳои мустақим ба андозаи 1,4 ҳазор доллар пешбинӣ мешавад (дар ҳолате, ки шаҳрванд дар соли 2020 андоз пардохт карда бошад).
Мувофиқи нақша ба роҳбарони штатҳо ва мақомоти маҳаллӣ 350 млрд. доллар дода мешавад. Барои гузаронидани озмоиш ва эмгузаронӣ бар зидди коронавирус 70 млрд. доллар ҷудо карда мешавад.
Читать далее05 Феврал 2021
Муаррифии Барномаи нави бисёрсолаи индикативии Иттиҳоди Аврупо барои солҳои 2021-2027
- Подробности статьи
5 феврали соли 2021 бо роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ва иштироки роҳбарияти вазорату идораҳо ҷаласа дар шакли видеоконфронс баргузор гардид, ки дар он Иттиҳоди Аврупо Барномаи нави бисёрсолаи индикативии Иттиҳоди Аврупо барои солҳои 2021-2027-ро муаррифӣ намуд.
Читать далееИштирок дар ҷашни Сада дар вилояти Суғд
- Подробности статьи
5 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҷашни Сада ба ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ташриф оварданд.
Читать далееИштирок дар бунёди боғи интенсивӣ дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи ба номи Саидхоҷа Урунхоҷаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
- Подробности статьи
5 феврал дар деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиситон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қитъаи 40-уми Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи ба номи Саидхоҷа Урунхоҷаев дар бунёди боғи интенсивӣ ва кишти картошкаи барвақтӣ иштирок намуданд.
Читать далее04 Феврал 2021
Суханронии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода З. А. дар маросими ифтитоҳи мизи мудаввари СММ доир ба рушди устувори саноати истихроҷ ва Рӯзномаи 2030 дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором
- Подробности статьи
4 феврали соли 2021 Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завкӣ Амин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути видеоконфронс дар маросими ифтитоҳи мизи мудаввари СММ доир ба рушди устувори саноати истихроҷ ва татбиқи Рӯзномаи 2030 дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором якҷо бо Муовини якуми Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад ва мудири иҷроияи Комиссияи иқтисодию иҷтимоии минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором Армида Салсиа Алисҷаҳбана суханронӣ намуданд.
Читать далее