Навиди иқтисодӣ



СУС Федератсияи Россияро оид ба маҳдудияти транзити маҳсулоти украинӣ дастгирӣ намуд

.

«Вести.Экономика» иттилоъ медиҳад, ки Идора оид ба ҳалли баҳсҳои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо гузориши гурӯҳи коршиносон, ки мавқеи Федератсияи Россияро дар даъвои бо ташаббуси Ҷумҳурии Украина дар соли 2016 пешниҳод шуда ҷонибдорӣ ва тасдиқ кард.

 

Гурӯҳи коршиносони СУС изҳор намуданд, ки чораҳои баҳсии Украина, ки аз ҷониби Россия қабул гардидаанд ба қоидаҳои СУС мутобиқ мебошанд.

Тибқи баҳодиҳии Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Россия қарори гурӯҳи коршиносон оид ба ҳалли баҳсҳои СУС дар мубоҳиса бо Украина, имконияти Россияро дар ғолибият ба даст овардан дар даъво бо ИМА оид ба боҷҳои воридотӣ ба пӯлод ва алюминий зиёд менамояд.