Коҳишёбии ҳаҷми гардиши савдо байни Ҷумҳурии Федеролии Олмон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

 

 

Тибқи маълумоти Иттиҳоди федеролии палатаи савдо ва саноати Олмон дар моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ ҳаҷми гардиши савдо байни Ҷумҳурии Федеролии Олмон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон қариб ду маротиба (50 фоиз) коҳиш ёфтааст. Бахусус, дар ин давра содироти маҳсулоти аз Олмон ба Эрон бо ҳисоби солона 52,6 фоиз коҳиш ёфта, ба 223 млн. евро баробар гардид ва воридот аз Эрон ба Олмон 42,2 фоиз кам гашта, 41 млн. евроро ташкил намуд.

 

Дар маҷмӯъ дар соли 2018 содироти маҳсулот аз Олмон ба Эрон бо ҳисоби солона 8,0 фоиз коҳиш ёфта, ба 2,71 млрд. евро баробар гардид. Бояд қайд намуд, ки дар моҳи майи соли 2018 ИМА созишномаи атомиро бо Эрон қатъ намуд ва нисбат ба Эрон таҳримҳои иқтисодӣ ҷорӣ намуд.

Президенти ИМА фармон вобаста ба ҷорӣ намудани таҳримҳо нисбат ба шахсон ва ширкатҳо, ки бо истеҳсоли маҳсулоти металлургӣ, аз ҷумла оҳан, пӯлод, алюминий ва мис дар Эрон машғул мебошанд, имзо намуд. 

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное