Кумаки молиявии Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) ба Ҷумҳурии Исломии Покистон
Ҷумҳурии Исломии Покистон созишнома оид ба кумаки молиявӣ ба маблағи 6 млрд. долларро бо Хазинаи Байналмилалии Асъор барои устувории молиявӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар ба тасвиб расонид.
Маблағгузории мазкур дар давоми се сол пешниҳод карда мешавад ва чунин кумаки молиявӣ ба Покистон 13-ум маротиба аз охири соли 1980 пешниҳод шуда истодааст.
Бояд қайд кард, ки ХБА сустшавии суръати рушди иқтисодиёти Покистонро дар соли 2019 то 2,9 фоиз пешгӯӣ менамояд.