ИМА баланд бардоштани боҷҳои воридотиро ба автомошинаҳо аз Аврупо ва Ҷопон мавқуф гузошт
Президенти ИМА изҳор намуд, ки қабули қарорро оид ба татбиқи боҷҳо ба андозаи 25,0 фоиз ба воридоти автомошинаҳо аз Иттиҳоди Аврупо, Ҷопон ва дигар давлатҳо мавқуф мегузорад.
Тибқи баҳодиҳӣ ҳиссаи ширкатҳои амрикоӣ дар бозори нақлиёти ИМА аз 67 фоиз дар соли 1985 то 22 фоиз дар соли 2017 коҳиш ёфтааст.
Вазири савдои ИМА моҳи феврал ба Президенти кишвар оид ба таъсири воридоти автомошинаҳо барои амнияти миллии ИМА гузориш пешниҳод намуда буд.