Комиссияи иқтисодии Авруосиё ҷорӣ намудани асъори ягонаро дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё муҳим арзёбӣ накард
«Вести.Экономика» иттилоъ медиҳад, ки аъзои Комиссияи иқтисодии Авруосиё Татяна Валовая зарурияти ҷорӣ намудани асъори ягонаро дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё намебинад.
Ба ақидаи ӯ Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё бояд ҳамкориро дар бахшҳои молияю асъор ва макроиқтисодиёт устувор намояд.
Мавсуф қайд намуд, ки айни замон байни Россияю Қазоқистон ва Россияю Белорус асъори миллӣ ба таври васеъ истифода бурда мешавад.
Дар муомилоти байни Қазоқистону Қирғизистон ё Қазоқистону Арманистон бошад, асосан доллари ИМА истифода бурда мешавад.