Президенти ИМА ҷорӣ намудани маҳдудияти иловагии содироти технология аз ИМА ба Хитойро ба нақша гирифтааст
«Вести.Экономика» иттилоъ медиҳад, ки аз рӯи маълумоти «Politico» маъмурияти президенти ИМА тасмим гирифтааст, ки ба молҳои технологияҳои баландсифати ба Ҷумҳурии Халқии Хитой содиротнамуда маҳдудияти бештар ҷорӣ намояд.
Комёб нагардидани гуфтушунидҳои рӯзи 10 май ба шиддат гирифтани низоъҳои тиҷоратӣ байни Вашингтон ва Пекин оварда расонд. Дар ҳамон рӯз ИМА боҷи воридотиро ба маҳсулоти хитойӣ ба маблағи 200 млрд. доллар аз 10 фоиз то 25 фоиз зиёд кард. Илова бар ин Вашингтон зиёд намудани боҷи воридотиро ба маҳсулоти хитойӣ ба 300 млрд. доллар пешбинӣ намуд.
Инчунин маъмурияти президенти ИМА ба ширкатҳои технологии Хитой, бахусус «Huawei» фишор оварда истодааст.
www.vesti.ru