Навиди иқтисодӣ



Таъсири манфии низоъҳои тиҷоратӣ ба истеҳсолкунандагони техникаи соҳаи кишоварзии ИМА

.

Тибқи маълумоти «Вести.Экономика» «The Wall Street Journal» иттилоъ медиҳад, ки боҷҳо ва низоъҳои тиҷоратӣ ба истеҳсолкунандагони техникаи соҳаи кишоварзии ИМА, ки аллакай ба сустшавии талабот аз ҷониби кишоварзон рӯ ба рӯ шуда истодаанд, зарар мерасонанд.

Вазъи иқтисод дар соли ҷорӣ бо назардошти он ки Ҷумҳурии Халқии Хитой маҳсулоти кишоварзии ИМА-ро камтар харид менамояд, инчунин зиёд пардохт намудани истеҳсолкунандагони техникаи соҳаи кишоварзӣ барои пӯлод ва дигар ашёи хом, ки барои истеҳсоли автомошинаҳо ворид мегарданд, коҳиш меёбад.

Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии ИМА дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Хитой нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40,0 фоиз коҳиш ёфтааст.

 

https://www.vestifinance.ru/articles/119897