Иқтисоди ҷаҳон аз низоъҳои тиҷоратӣ миёни ИМА ва Ҷумҳурии Халқии Хитой коҳиш меёбад
Мутобиқи маълумоти «Вести.Экономика» дар гузориши омоданамудаи Хазинаи Байналмилалии Асъор ба вохӯрии молиявии давлатҳои «20-гона» 8-9-уми июн дар Ҷопон қайд мешавад, ки иқтисоди ҷаҳон бо сабабҳои низоъҳои тиҷоратӣ миёни ИМА ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дар соли 2020-ум 0,3 фоиз коҳиш меёбад.
Боҷҳои нави ҷоринамудаи ИМА ва Хитой метавонанд савдои ҷаҳониро суст намуда, ба бозори молиявӣ бо назардошти таъсири номусоид ба сармоягузорӣ, самаранокӣ ва рушди иқтисоди ҷаҳон таъсири манфӣ расонанд.