Навиди иқтисодӣ



Намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз тамдиди таҳримҳо нисбат ба Россия ҷонибдорӣ намуданд

.

Тибқи маълумоти «Вести.Экономика» Агентии «Bloomberg» иттилоъ медиҳад, ки намояндагони Иттиҳоди Аврупо чораҳои заруриро нисбат ба тамдиди таҳримҳо ба Россия бо назардошти ҳамроҳшавии Қрим ба Федератсияи Россия ҷонибдорӣ намуданд.

 

Қайд гардидааст, ки дар мавриди тасдиқи ниҳоии ин қарор аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо муҳлати амали таҳримҳо то 23 июни соли 2020 тамдид карда мешавад.

Агентии мазкур иттилоъ медиҳад, ки ҳафтаи оянда дар Кумитаи доимии намояндагони давлатҳо дар Брюссел ин масъала бори дигар мавриди муҳокима қарор дода мешавад.

Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Халқии Хитой ба марҳилаи нави таҳкими шарикии стратегӣ дохил мешаванд

Вести.Экономика» иттилоъ медиҳад, ки Президенти Федератсияи Россия ва Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой изҳороти муштаракро оид ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар як қатор соҳаҳои мухталиф, инчунин муқовимат ба сиёсати ноустуворкунии кишварҳо, ки дар байни онҳо ИМА махсусан қайд гардидааст, созишнома ба имзо расониданд.

Дар доираи ин созишнома Россия ва Хитой қарор карданд, ки минбаъд ҳамкориҳоро дар соҳаҳои сиёсӣ, амният, ҳамкории амалӣ, табодули афкор ва ҳамкориҳои байналмилалӣ тақвият медиҳанд.

Дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ Россия ва Хитой ба мувофиқа расиданд, ки онҳо муқобили ҳукмфармоии сиёсӣ дар тиҷорати байналхалқӣ буда, манъ кардани талаботро бо низоми фишор ба кишварҳое, ки ба онҳо маъқул нестанд маҳкум мекунанд.

Дар ин ҳолат сухан дар бораи ИМА ва сар кардани низоъи тиҷоратӣ аз ҷониби ҳукумати амрико меравад.