Изҳороти вазири нафти Ҷумҳурии Исломии Ироқ оид ба тамдиди созишномаи ОПЕК+
Тибқи маълумоти «Вести.Экономика» Вазири нафти Ҷумҳурии Исломии Ироқ дар Форуми байналмилалии иқтисодии Петербург изҳор намуд, ки давлатҳои аъзои созишномаи ОПЕК+-ро зарур аст, ки бе назардошти афзоиши ҳаҷми истихроҷи нафт маҳдудиятро оид ба истихроҷи нафт тамдид намоянд.
Бо назардошти тамдиди маҳдудиятҳо далатҳои аъзои ОПЕК+-ро имкониятҳои бештар дар назар аст ва сабабҳои асосӣ дар омилҳои номуайянӣ, рушди захираҳо, низоъҳои тиҷоратӣ ва рушди истихроҷ дар ИМА асос меёбад.
Мавсуф қайд намуд, ки даромад аз нафт 90 фоизи буҷети Ироқро ташкил медиҳад ва сатҳи мақсадноки нархи нафт барои буҷети Ҷумҳурии Исломии Ироқ зиёда аз 70 доллар барои як баррел мебошад.