Навиди иқтисодӣ



Баррасии масъалаи тамдид намудани муҳлати бақайдгирии муҳоҷирони меҳнатӣ байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз Федератсияи Россия

.

«РИА Новости» иттилоъ медиҳад, ки дар рафти комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия ҷониби ӯзбекистонӣ пешниҳод намуд, ки муҳлати бақайдгирии муҳоҷирони меҳнатиаш аз 7 то 15 рӯз тамдид карда шавад.

 

Дар барорбари ин ҷониби Ӯзбекистон лоиҳаи шартномаи байниҳукуматӣ оид ба эътибор пайдо намудани хулосаи тиббии муҳоҷирони меҳнатиро омода намуд.

Байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз моҳи декабри соли 2017 шартномаи ташкили қабули муҳоҷирони меҳнатӣ ба Федератсияи Россия фаъолият мекунад.

Тибқи маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон қариб 1 миллион нафарро ташкил мекунанд.

 

 https://uz.sputniknews.ru/migration/20190612/11745568/Uzbekistan-prosit-Rossiyu-prodlit-srok-registratsii-migrantov.html