Навиди иқтисодӣ



Хитой батаҳримҳои ҷоринамудаи ИМА ба ширкатҳои хитоӣ мухолиф баромад

.

Тибқи маълумоти «Вести.Экономика» Агентии «Reuters» иттилоъ медиҳад, ки Котиби давлатии ИМА 22 июл оид ба ҷорӣ намудани таҳримҳо нисбат ба ширкати «Zhuhai Zhenrong Co Ltd»-и Хитой бо назардошти иштироки огоҳонаи ширкат дар як созишномаи калон оид ба харид ё ба даст овардани нафт аз Эрон эълон намуд.

 

Ҷумҳурии Халқии Хитой нисбат ба таҳримҳои ИМА нисбат ба ширкати давлатии энергетикии Хитой, ки ба вайронкунии маҳдудият ба бахши нафтии Эрон айбдор карда шудааст, ҷиддӣ муқобил мебошад.

Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Хитой изҳор намуда, ки ҳамкории Хитой бо Эрон дар доираи тартиби муқарраргардидаи ҳуқуқи байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст.