Навиди иқтисодӣ



Афзоиши иқтисодиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар нимсолаи якуми соли 2019

.

Тибқи маълумоти «Вести.Экономика» муовини якуми Вазири иқтисод ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон изҳор намуд, ки иқтисодиёти Ӯзбекистон дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ бо ҳисоби солона 5,8 фоиз афзоиш ёфт.

 

Инчунин муовини якуми Вазир иттилоъ дод, ки сатҳи таваррум дар шаш моҳ дар бозорҳои истеъмолии кишвар 5,6 фоизро ташкил намуда, нисбат ба дурнамои пешбининамуда кам мебошад.

Девони вазирони Ӯзбекистон рушди иқтисодиёти кишварро дар соли 2018 дар сатҳи 5,2 фоиз, соли 2019 -ум 5,4 фоиз ва таваррумро дар сатҳи 15,5 фоиз пешгӯӣ намудааст.