Коҳишёбии Маҷмӯи маҳсулоти дохилии минтақаи евро дар нимсолаи якум
Рушди иқтисодиёти минтақаи евро дар семоҳаи дуюм коҳиш ёфт, ки ин эҳтимолияти ҳавасмандгардонии иловагиро аз ҷониби Бонки марказии Аврупо зиёд менамояд.
Аз рӯи маълумоти Идораи омори Иттиҳоди Аврупо рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилии 19 кишвари минтақаи евро дар семоҳаи дуюм 0,2 фоизро ташкил дод, ки ба семоҳаи якуми соли ҷорӣ 0,2 банди фоизӣ кам мебошад. Ба ҳисоби солона рушди ММД дар минтақаи евро аз 1,2 то 1,1 фоиз коҳиш ёфта, нишондиҳандаи пастарин дар зиёда аз 5 соли охир мебошад.
Иқтисодиёти 28 кишвари Иттиҳоди Аврупо дар семоҳаи дуюм нисбат ба семоҳаи якум 0,2 фоиз ва ба ҳисоби солона 1,3 фоиз рушд ёфт.