Навиди иқтисодӣ



Бонки марказии Озарбойҷон меъёри фоизиро паст кард

.

Тибқи маълумоти роҳбари Бонки марказии Озарбойҷон меъёри фоизӣ аз 8,5 то 8,25 фоиз паст карда шуд.

 

Қаблан, Бонки марказии Озарбойҷон меъёри мазкурро дар моҳи июн 0,25 банди фоизӣ то 8,5 фоиз ва дар моҳи апрел аз 9 то 8,75 фоиз паст карда буд.

Бонки мазкур дар соли ҷорӣ 5 маротиба оид ба паст кардани меъёри фоизӣ қарор қабул намуд.

Дар соли 2018 бошад Бонки марказии Озарбойҷон 4 маротиба меъёри фоизиро аз 15 то 9,75 фоиз паст карда буд.

 

www.vestifinance.ru