Ҷанги тиҷоратӣ бо Хитой афзоиши касри буҷети ИМА-ро суръат мебахшад
Мувофиқи баҳодиҳии Идораи буҷети Конгресс иқтисодиёти ИМА дар тӯли 10 соли оянда суръати пасттар хоҳад дошт ва касри буҷет нисбат ба интизории қаблӣ зиёдтар мешавад.
Дар муқоиса бо баҳодиҳии моҳи май пешгӯӣ мешавад, ки касри буҷети ИМА дар соли 2019 ба ҷои 809 млрд. доллари ИМА 960 млрд. долларро ташкил медиҳад.
Дурнамои касри умумии ИМА дар 10 соли оянда аз 11,4 трлн. доллар то 12,2 трлн. доллар афзоиш меёбад. Касри буҷети ИМА дар солҳои 2020–2029 ба ҳисоби миёна 4,7 фоизи ММД-ро ташкил медиҳад, ки аз рӯи баҳодиҳии коршиносон аз 2,9 фоизе, ки ба ҳисоби миёна дар 50 соли охир мушоҳида мешавад, зиёдтар аст.