Навиди иқтисодӣ



Пешниҳоди Президенти ИМА оид ба паст кардани меъёри фоизӣ аз ҷониби Низоми захираҳои федералӣ

.

 

 

 

 

Президенти ИМА изҳор намуд, ки дар мавриди паст кардани меъёри фоизии ИМА аз ҷониби Низоми захираҳои федералӣ (FRS) иқтидори иқтисодиёти кишвар зиёд мешавад.

 

Президенти ИМА паст будани меъёри фоизиро дар дигар кишварҳо, бахусус «Ҳафтгонаи бузург G7» мисол оварда, қайд кард, ки Низоми захираҳои федералӣ сиёсати нодурустро пеш мебарад ва ба рушди иқтисодиёти ИМА монеа эҷод карда, ба қурби асъори миллӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Ҷаласаи Низоми захираҳои федералӣ оид ба сиёсати пулию қарзӣ дар ИМА рӯзҳои 17-18 сентябр баргузор мегардад. Тибқи маълумоти CME Group 99,6 фоизи таҳлилгарон пешбинӣ менамоянд, ки меъёри фоизӣ аз аз сатҳи ҷории 2-2,25 ба 0,25 банди базавӣ коҳиш меёбад.

https://www.vestifinance.ru