Навиди иқтисодӣ



Президенти ИМА ба истеъмолкунандагони амрикоӣ зарба зад

.

Якуми сентябр Ҳукумати ИМА оид ба зиёд намудани тарофаҳо ба воридоти молҳо аз Хитой ба маблағи 112 млрд. доллари ИМА эълон намуд. Ҷумҳурии Халқии Хитой дар ҷавоб ба ин тарофаҳоро ба воридоти молҳо аз ИМА ба маблағи 75 млрд. доллар зиёд кард.

 

Коршиносон қайд менамоянд, ки тарофаҳои 15,0 фоизаи ҷоринамудаи ИМА ба молҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой метавонад ба нархҳои истеъмолӣ, аз пойафзол сар карда, то молҳои варзишӣ таъсири худро расонад.

То охири соли 2019 тақрибан ҳамаи молҳои хитоӣ, ки ба ИМА бо арзиши 550 млрд. доллар ворид карда мешаванд, бо тарофаҳои баланд андозбандӣ гардида, метавонад қисми хароҷоти буҷети оилаи миёнаҳоли Амрикоиро ба маблағи 800 доллар зиёд намояд.