Навиди иқтисодӣ



Низоъҳои тиҷоратии ИМА ва Хитой

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

ИМА бо назардошти пешгирии коҳишёбии гардиши савдои хориҷӣ бо Хитой муваққатан 400 намуди маҳсулоти Хитойро, ки нисбат ба онҳо соли 2018 боҷ пешбинӣ гардида буд озод намуд.

 

Дар ҷавоб ба иқдоми ИМА Хитой низ баланд кардани боҷҳои гумрукиро ба молҳои ИМА дар ҳаҷми 250 млрд. доллар аз 25 фоиз то 30 то 15 октябри соли ҷорӣ мавқуф гузошт.

Ҳамзамон аз боҷи гумрукӣ озод намудани 16 намуди маҳсулоти ИМА-ро ба нақша гирифтааст.

Тавре пештар иттилоъ дода шуда буд, дар доираи низоъҳои тиҷоратӣ моҳи майи соли ҷорӣ ИМА меъёри боҷи гумрукиро барои молҳои Хитой дар ҳаҷми 200 млрд. доллар аз 10 то 20 фоиз баланд кард ва тибқи нақша боз баландкунии боҷҳои воридотӣ ба маблағи 300 млрд. доллар дар назар аст.

Дар ҷавоб Хитой моҳи июни соли ҷорӣ ба 5 ҳазор намуди маҳсулоти ИМА ба маблағи 60 млрд. доллар боҷ пешбинӣ намуда, дар ҳаҷми 250 млрд. доллар баланд кардани боҷи гумрукиро ба нақша гирифт.

Хазинаи Байналмилалии Асъор пешбинӣ менамояд, ки низоъҳои тиҷоратӣ байни ИМА ва Хитой ба коҳишёбии иқтисодиёти ҷаҳон дар соли 2020 дар ҳаҷми 0,8 фоиз оварда мерасонад.

https://tass.ru/ekonomika/6911821

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное