Навиди иқтисодӣ



Коҳишёбии индекси фаъолнокӣ дар минтақаи Евро дар моҳи сентябр

.

Тибқи маълумоти Комиссияи Аврупо индекси фаъолнокии иқтисодӣ дар минтақаи Евро дар моҳи сентябри соли ҷорӣ коҳиш ёфт, ки ин дар 5 соли охир нишондиҳандаи пасттарин ба ҳисоб меравад. Дар маҷмӯъ индекси фаъолнокии иқтисодӣ ва истеъмолӣ дар минтақаи евро аз 103,1 банди моҳи август то 101,7 банд коҳиш ёфт.

 

Индекси маҷмӯи фаъолнокии иқтисодӣ дар Олмон аз 100,6 то 99,4 фоиз коҳиш ёфт. Вазъи савдои чакана дар минтақаи евро тамоюли пастравӣ дошта, ба андозаи 0,5 банд ва соҳаи сохтмон 0,1 банд коҳиш ёфтааст.

Дар баробари ин, соҳаи хизматрасонӣ аз 9,2 то 9,5 фоиз ва индекси истеъмолӣ аз 7,1 то 6,5 банд боло рафт.

Бонки марказӣ рушди иқтисодии минтақаи евроро дар соли 2019 то 1,1 фоиз, соли 2020 то 1,2 фоиз коҳиш дода, дар соли 2021 дар сатҳи 1,4 фоиз пешгӯӣ намуд.

www.vestifinance.ru