Бонки марказии Австралия меъёри бозтамвилро то сатҳи рекордӣ паст намуд
Бонки марказии Австралия маротибаи сеюм дар соли ҷорӣ меъёри бозтамвилро паст намуда, иттилоъ додааст, ки эҳтимол ин раванд идома дода мешавад.
Бонки захиравии Австралия меъёри мазкурро ба 0,25 банди фоизӣ паст намуда, то сатҳи рекордии 0,75 фоизи солона муқаррар намуд. Бонки марказӣ қаблан дар моҳҳои июн ва июл ин меъёрро паст намуда буд.
Иқтисодиёти Австралия аз нимсолаи дуюми соли 2018 коҳиш ёфта истодааст, зеро даромади хонаводаҳо коҳиш ёфта, ба қарздориҳои калонҳаҷм рӯ ба рӯ шудаанд.