Навиди иқтисодӣ

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 51


Ҳаҷми ММД дар 9 моҳи соли равон 7,4% афзуд

.

Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ 27,6 млрд. сомонӣ (ҳудуди 5,8 млрд. $)-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,4% зиёдтар аст. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ҳаҷми ММД-и кишвар дар нархҳои қиёсшаванда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 107,4%-ро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, сохтори ММД дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ тариқи зайл аст: истеҳсоли маҳсулот – 42,8%, хизматгузорӣ – 44,3% ва андоз – 12,9%. Қобили зикр аст, ки ҳукумати ҷумҳурӣ ҳаҷми умумии ММД дар соли 2013-ро дар сатҳи 40 млрд. сомонӣ (8,7 млрд. $) пешгӯи мекунад, ки нисбат ба соли гузашта 11% бештар аст.

Ҳаҷми ММД Тоҷикистон дар соли гузашта 36,1 млрд. сомонӣ (7,6 млрд. $)-ро ташкил дода буд, ки дар қиёс бо нишондиҳандаи соли 2011 ба миқдори 7,5% зиёдтар аст.