Навиди иқтисодӣ



Баимзорасии Созишномаи тиҷоратӣ байни ИМА ва Ҷопон

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Вашингтон ва Токиё созишномаи тиҷоратиро ба имзо расониданд, ки он барои дастрасии хоҷагидорони амрикоӣ дар бозори Ҷопон замина мегузорад. Дар баробари ин ҷонибҳо Созишномаи иловагӣ оид ба савдои электрониро низ ба имзо расониданд.

 

Созишномаҳои мазкур барои таъсис додани ҷойҳои корӣ, васеъ намудани сармоягузорӣ дар тиҷорат, назаррас коҳиш додани касри савдо, роҳандозии муносибатҳои адолатона ва рушди иқтисодиёт имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.

Тибқи маълумоти Хадамоти матбуоти Қасри сафед Ҷопон аз рӯи ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар ИМА ҷои сеюмро ишғол мекунад, ки ҳаҷми он тахминан 14 млрд. долларро ташкил медиҳад. Мутобиқи ин созишнома, Ҷопон тарифҳоро ба содироти маҳсулоти кишоварзии ИМА ба андозаи 7,0 млрд. доллар ё 50 фоиз кам ё бекор мекунад. Дар навбати худ, Вашингтон бекор кардани боҷи гумрукиро ба якчанд намуди маҳсулоти Ҷопон ваъда дод.

https://www.vestifinance.ru/articles/126216

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное