Навиди иқтисодӣ



Талафоти Белоруссия аз ҳисоби тағйирёбии низоми андозбандии Федератсияи Россия дар соҳаи маҳсулоти нафтӣ

.

Вазири молияи Белоруссия изҳор намуд, ки бо назардошти тағйирёбии низоми андозбандии Федератсияи Россия дар соҳаи нафт талафоти иқтисодиёти Белоруссия дар солҳои 2019-2020 ба андозаи 800 млн. доллар баҳодиҳӣ шудааст.

 

Федератсияи Россия тасмим гирифтааст, ки то соли 2024 боҷи содиротиро барои нафт паст намуда, бар ивази он андози истихроҷро баланд намояд.

Вазири корҳои хориҷии Белоруссия ба Агентии иттилоотии РБК изҳор намуд, ки Минск омодааст масъалаҳои оид ба воридоти маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ, нархҳои газ ва нафт, тағйирёбии андозҳо ва дигар масъалаҳоро бо Москва ҳал намояд.

Инчунин иттилоъ дод, ки Президенти Россия ва Белоруссия қаблан ба мувофиқа омаданд, ки дар вохӯрии арафаи ҷашни 20 солгии ҳамкориҳои ду кишвар созишномаҳо оид ба «Харитаи роҳ» ва Барномаи беҳтар намудани ҳамгироӣ ба имзо расонида шавад.

Бояд қайд кард, ки 8 декабри соли 2019 Минск ва Москва 20 солагии ба имзорасонидани Созишнома оид ба Давлати Иттиҳод ҷашн мегирад.

https://tass.ru/ekonomika/6982770