Таҳияи Консепсияи маҷмӯии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Ӯзбекситон то соли 2030
Вазорати иқтисод ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон лоиҳаи Консепсияи маҷмӯии рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ то соли 2030-ро барои баррасӣ пешниҳод кард.
Ҳукумати Ӯзбекистон тасмим гирифтааст, ки дар доираи лоиҳаи Консепсияи маҷмӯии рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар давоми даҳ соли оянда рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 2,1 маротиба ва ММД ба ҳар нафар аҳолӣ 3,0 маротиба зиёд карда, то 4538 доллар мерасонад.
Дар Консепсия мазкур барои ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда суръати миёнаи солонаи рушди иқтисодӣ на кам аз 6,4 фоизро ташкил намояд. Рушди иқтисод дар солҳои 2018-2030 аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми воқеии саноат 2,3 маротиба (афзоиши ҳиссаи саноат дар ММД аз 26,3 фоиз дар соли 2018 то 33,3 фоиз дар соли 2030), корҳои сохтмонӣ 2,1 маротиба (аз 5,7 фоиз то 6,4 фоиз), хизматрасониҳо 2,1 маротиба (аз 35,6 фоиз то 39,3 фоиз) ва кам шудани ҳиссаи соҳаи кишоварзӣ 1,8 маротиба (аз 32,4 фоиз то 21 фоиз) таъмин карда мешавад.
Инчунин рушди иқтидори истеҳсолии иқтисодиёт бояд ҳаҷми содиротро се маротиба зиёд намояд.
Читать далее: https://uz.sputniknews.ru/economy/20191008/12575687/Vlasti-Uzbekistana-planiruyut-dobitsya-rosta-VVP-v-21-raza.html