Навиди иқтисодӣ



Роҳбарони давлатҳои узви Иттиҳоди Аврупо ҷорӣ намудани таҳримҳоро нисбат ба Туркия дастгирӣ намуданд

.

Роҳбарони давлатҳои узви Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва ҳукуматро қарори Шӯрои ИА оид ба ҷорӣ намудани таҳримҳо нисбат ба Туркияро дастгирӣ намуданд.

 

Сабаби қабули чунин қарор ин аз ҷониби корхонаҳои туркӣ анҷом додани корҳои иктишофии ғайриқонунӣ дар минтақаҳои ба Кипр тааллуқдоштаи баҳри Миёназамин мебошад.

Бояд қайд кард, ки дар моҳи сентябри соли ҷорӣ Ҳукумати Кипр бо ширкатҳои фарансавии «Total» ва итолиёвии «Eni» доир ба азхудкунии 7 кони нафт ба имзо расонид. Аммо, Ҳукумати Туркия дар аввали моҳи октябр ба минтақаи мазкур киштии иктишофкунандаи нафтро равон намуд ва ин ҳолат сабаби қабули қарори болозикр гардид.

www.vestifinance.ru