Навиди иқтисодӣ



Баланд бардоштани синну соли нафақа дар Ҷумҳурии Федералии Олмон

.

Бонки федералии Олмон қайд менамояд, ки тағйир ёфтани шумораи нафақахӯрони Олмон ба низоми пардохти нафақаи суғуртавӣ таъсири манфӣ мерасонад.

 

Бинобар ин бонки мазкур зарур мешуморад, ки синну соли нафақаро дар Ҷумҳурии Федералии Олмон то 69,5 сола боло бардоранд. Аз соли 2012 дар Олмон раванди болоравии синну соли нафақа идома дорад. Синну сол барои баромадан ба нафақа барои таваллудшудагони то соли 1947, 65 солро ташкил менамуд, барои таваллудшудагон аз соли 1947, 65 солу як моҳ мебошад. Охирон соле, ки дар ҷавдал қайд шудааст ин 1964 мебошад, яъне одамоне, ки дар ин сол ва ё баъд таваллуд шудаанд, бояд дар синни 67 солагӣ ба нафақа бароянд.

Бонки Федералии Олмон пешниҳод менамояд, ки одамони дар соли 2001 ва пас аз он таваллудшуда бояд баъд аз 69 солу чор моҳ ба нафақа бароянд. Чунин тадбир имконият медиҳад, ки сарбориро аз фондҳои нафақа кам намуда, рушди иқтисодро аз ҳисоби афзоиши шуғли аҳолӣ таъмин намояд.

www.vestifinance.ru