Навиди иқтисодӣ



Қазоқистон меъёрҳои аксизи бензинро баланд мекунад

.

«Вести. Экономика» иттилоъ медиҳад, ки Ҳукумати Қазоқистон ният дорад, ки аксизи бензинро аз 10,5 ҳазор тенге (27 доллар) то 24435 тенге (63 доллар) барои як тонна афзоиш диҳад.

 

Лоиҳаи қарор бо мақсади пешгирии гардиши ғайриқонунии маҳсулоти нафтӣ ба кишварҳои ҳамсоя, инчунин таъмини тавозун дар бозори сӯзишворӣ ва танзими нархи бензин дар Қазоқистон меъёри аксизҳо аз 1 декабр баланд карда мешавад. Вазири иқтисоди миллии Қазоқистон қайд мекунад, ки баланд бардоштани меъёри аксизҳо инчунин бинобар зиёд шудани хароҷоти буҷа, аз ҷумла уҳдадориҳои иҷтимоӣ, ки аллакай 45 фоизро ташкил медиҳанд, зарур аст.

https://www.vestifinance.ru/articles/126749