Созмони Милали Муттаҳид аз хатари низоъҳои тиҷоратӣ ба иқтисодиёти ҷаҳон огоҳ мекунад
«Вести Экономика» иттилоъ медиҳад, ки Созмони Милали Муттаҳид (СММ) аз якбора коҳиш ёфтани рушди иқтисодиёти ҷаҳон дар соли 2020 огоҳ мекунад.
СММ изҳор намуд, ки низоъҳои тиҷоратӣ байни ИМА ва Хитой рушди иқтисодиётро дар соли 2019 то сатҳи пасттарин дар даҳсолаи охир коҳиш дода, эҳтимол меравад имсол низ низоъҳои тиҷоратӣ, нооромиҳои молиявӣ ё тезутунд шудани вазъи гэосиёсӣ идома меёбад.
Тибқи пешгӯиҳои СММ суръати рушди ММД-и ИМА аз 2,2 фоизи соли 2019 то 1,7 фоиз дар соли 2020 паст баҳодиҳӣ карда шудааст.
Рушди иқтисодиёти Хитой, ки дуюмин бузургтарин дар ҷаҳон аст, соли 2020-ум 6 фоиз пешгӯӣ карда мешавад. Иқтисодиёти Иттиҳоди Аврупо аз рӯи баҳодиҳӣ нисбат ба солҳои гузашта суст боқӣ монда, интизор меравад, ки афзоиши ММД аз 1,4 фоизи соли 2019 то 1,6 фоиз дар соли 2020 боло меравад.