Бонки Осиёии Рушд (БОР) зарари пандемияи коронавирус дар ҷаҳонро арзёбӣ намуд
Бонки Осиёии Рушд изҳор намуд, ки бо назардошти пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ҳаҷми зарар 4,1 трлн. доллар ё тақрибан 5,0 фоизи маҷмӯи маҳсулоти ҷаҳонӣ арзёбӣ гардидааст.
Дар гузориши нашргардидаи БОР омадааст, ки ҳадди ками зарари молиявӣ аз ҳисоби пандемия 2 трлн. доллар ё 2,3 фоизи маҷмӯи маҳсулоти ҷаҳониро ташкил медиҳад.
БОР рушди иқтисодиёти Осиёро дар соли 2020 нисбат ба дурнамои қаблӣ таҷдиди назар намуда, онро аз 5,5 фоиз то 2,2 фоиз паст баҳодиҳӣ намуд. Дурнамои рушди иқтисодиёти Хитой аз 6,0 фоиз то 2,3 фоиз паст баҳодиҳӣ карда шуд.
Новобаста аз он ки фаъолнокии иқтисодиёт суст гардид ва дар ин замина нархи ҷаҳонии молу ашё коҳиш ёфтааст, сатҳи таваррум эҳтимол бо назардошти болоравии нархҳои озуқаворӣ афзояд.