Навиди иқтисодӣ



Коҳишёбии содироти Ҷопон бо назардошти пандемияи коронавирус

.

Тибқи маълумоти Агентии «Reuters» пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ба коҳишёбии талабот дар ИМА ва Аврупо оварда расонид, ки дар натиҷа дар моҳи март содироти Ҷопон ба таври назаррас коҳиш ёфт.

 

Инчунин дар моҳи март таварруми аслии солона дар кишвар то 0,4 фоиз коҳиш ёфт, аммо пастравии нархи нафт ва кам шудани талаботи дохилӣ ба нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои муайяннамудаи мақсадноки Бонки Ҷопон дар сатҳи 2,0 фоиз мусоидат кард.

Баҳодиҳӣ мегардад, ки дар моҳи март содироти мол 10,1 фоиз коҳиш меёбад, ки ин коҳишёбии назаррас аз моҳи октябри соли 2016 то ин давра мебошад. Аз рӯи баҳодиҳӣ воридоти мол дар моҳи март 9,8 фоиз коҳиш хоҳад ёфт.

https://www.vesti.ru/doc.html?id=3257971