Афзоишёбии талаботи ҷаҳонӣ ба нафт
Дар Гузориши апрелии ОПЕК қайд гардидааст, ки бо назардошти барқароршавии иқтисодиёти ҷаҳон ва эмгузаронии аҳолӣ талаботи ҷаҳонӣ ба нафт 6 млн. баррел дар як шабонарӯз афзоиш ёфта, то охири соли 2021 ба 96,5 млн. баррел дар як шабонарӯз мерасад.
Барқароршавии иқтисодиёти ҷаҳон, эмгузаронии аҳолӣ ва қатъ намудани маҳдудият талаботи ҷаҳониро ба нафт зиёд мекунад.
Агентии байналмиламии энергетикӣ талаботи нафтро дар сатҳи 99,7 млн. баррел дар як шабонарӯз баҳодиҳӣ намуд. Истеъмоли нафт дар ҷаҳон дар соли 2024 дар сатҳи 104,1 млн. баррел дар як шабонарӯз арзёбӣ шудааст.