Навиди иқтисодӣ



Дар ҳолати бӯҳронӣ қарор доштани Иқтисодиёти Ҷумҳурии Туркия

.

 

 

 

Агентии рейтинги байналмилалии «Moody's» дар моҳи август рейтинги 18 бонк ва 2 ширкатҳои молиявии Турикияро коҳиш дод. Тибқи маълумоти Агентӣ коҳиш ёфтани рейтингҳо асосан ба тағйирёбии вазъи сармоягузорон вобастагӣ дорад.

Танҳо дар соли 2018 асъори туркӣ нисбат ба доллари ИМА 40,0 фоиз коҳиш ёфт, ки ин боиси нигаронии ҷиддӣ барои қобилияти пардохтпазирии Туркия барои қарзҳои давлатии худ бо доллар гардид.

Инчунин касри ҳисобҳои ҷорӣ дар Туркия бо ҳисоби доллари ИМА нисбат ба ММД 6,0 фоиз ва қарзи давлатӣ 39,0 фоизро ташкил намуд.