Навиди иқтисодӣ



Афзоиши ҳаҷми қарздиҳӣ аз ҷониби бонкҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой дар моҳи январ

.

 

 

 

 Тибқи маълумоти Бонки Халқии Хитой дар моҳи январи соли ҷорӣ бонкҳои кишвар ҳаҷми қарздиҳиро афзоиш доданд, ки он 3,23 трлн. юан (477 млрд. доллар)-ро ташкил дод.

Ҳаҷми пул дар моҳи январ 8,4 фоиз афзоиш ёфт, ки ин нисбат ба пешгӯии таҳлилгарон 0,2 банди фоизӣ зиёд мебошад. Ҳаҷми қарзҳои пешниҳоднамуда барои хонаводаҳо 989,9 млрд. юан ва барои ширкатҳо 2,6 трлн. юанро ташкил доданд.

Бонки Халқии Хитой таъсиси механизми нави сиёсати пулӣ, лоиҳаи қарзҳои миёнамуҳлат, ки ба пардохтпазирии дарозмуддат барои дастгирии ширкатҳои хусусӣ ва хурд равона гардидааст, пешниҳод дорад.