Навиди иқтисодӣ



Идомаи сулҳи тиҷоратӣ миёни ИМА ва Ҷумҳурии Халқии Хитой

.

 

 

 

«Вести.Экономика» иттилоъ медиҳад, ки Президенти ИМА ҷиҳати баланд набардоштани боҷҳои гумрукӣ барои воридоти молҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой аз 1 марти соли ҷорӣқарор қабул кард.

Инчунин Президенти ИМА изҳор намуд, ки музокироте, ки дар рӯзҳои истироҳатӣ гузашт маҳсулнок буд. Ӯ дар бораи пешравии масъалаҳои муҳими сохторӣ, аз ҷумла ҳимояи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ, интиқоли технология ва кишоварзӣ сухан рондааст.

Мавсуф изҳор намуд, ки бо назардошти ноил гардидани ҷонибҳо ба пешравиҳо вохӯриро бо роҳбари Ҷумҳурии Халқии Хитой барои ба тасвиб расонидани созишнома пешбинӣ намудааст.