ИМА барои бастани созишнома бо Пекин мусолеҳа намуда истодааст
Аз рӯи маълумоти нашрияи «Вести.Экономика» Вашингтон қаблан ҷониби Пекинро барои манъ кардани кумакпулиҳои соҳаи саноат таъкид мекард, ҳоло бошад ба ҳадафҳои нисбатан нишонрас гузаштааст.
Ду иқтисоди бузурги ҷаҳон 9 моҳ аст, ки дар ҳолати ҷанги тиҷоратӣ қарор дошта, арзиши он ба миллиардҳо доллар арзёбӣ мегардад ва он ба бозорҳои молиявӣ ва занҷираи интиқол таҳдид эҷод менамояд.
Маъмурияти президенти ИМА барои воридоти молҳои истеҳсоли Хитой ба маблағи 250 млрд. доллар боҷ ҷорӣ намуда, гӯё аз Пекин манъ кардани сиёсати протексионистиро талаб мекард, аз ҷумла кумакпулиҳои саноатӣ, ки бо гуфтаи Вашингтон ба ширкатҳои америкоии бо ширкатҳои хитоӣ рақобаткунанда таъсири манфӣ мерасонад. Дар навбати худ Хитой ба молҳои ИМА боҷҳои худро ҷорӣ намуд.