Навиди Вазорат



Ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020

.

Рӯзи 3 майи соли ҷорӣ дар бинои Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Азим Иброҳим ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ вобаста ба натиҷагирии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 баргузор гардид.

Дар рафти ҷаласаи мазкур гузориши як қатор намояндагони вазорату идораҳо ва шаҳру ноҳияҳо вобаст ба корҳои анҷомёфта дар ин самт шунида шуд.

Дар интиҳои ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масулини вазорату идораҳои дахлдори соҳавӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо баҳри бо сифати баланд ва дар сатҳи зарурӣ иҷро намудани нақшаи чорабиниҳои дахлдор, фаъолияти мунтазам ва самарабахш ва омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 супоришҳои мушаххас доданд.