Иштироки ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тафсири сиёсати савдои кишвари Тринидад ва Тобаго
Рӯзи 22 майи соли 2019 дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария дар бинои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) тафсири сиёсати савдои кишвари Тринидад ваТобаго баргузор гардид, ки дар он ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин иштирок карда, мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд.
Мақсади асосии иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тафсири сиёсати савдои кишвари Тринидад ва Тобаго, ин шиносоӣ ба рафт ва тартиби баргузории чорабинӣ, табодули таҷриба ва гузаронидани мулоқоту машваратҳо бо масъулини созмон дар робита ба баргузории якумин тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СУС мебошад.
Қайд бояд кард, ки дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории якумин тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СУС моҳи апрели соли 2020 ба нақша гирифта шуда, дар робита ба он аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати дар сатҳи назаррас гузаронидани чорабинии қайдгардида нақшаи корӣ тасдиқ гардидааст.
Бинобар ин иштироки ҳайати расмии кишвар дар тафсири сиёсати савдои Тринидад ва Тобаго ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ омода намудани ҳисоботи тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СУС муфид арзёбӣ гардид.