Вохӯрии Вазир бо намояндагони БРО
27 майи соли ҷорӣ Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо намояндагони Бонки Осиёгии Рушд дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои мухталифи ҳамкориҳои самарабахш миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла ҷонибҳо имконияти рушди долони иқтисодии Қазоқистон-Ӯзбекистон-Тоҷикистон ва таъсири он ба муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии ин давлатҳоро баррасӣ намуданд.
Дар анҷоми мулоқотҳои суратгирифта ҷонибҳо ҷиҳати минбаъд густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд омодагии худро баён доштанд.