Боздид аз Маркази идоракунии Сарҳади давлатии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
28 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз Маркази идоракунии Сарҳади давлатии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, марказ пас аз навсозӣ ва маҷаҳҳазгардонӣ мавриди истифода қарор гирифта, бо муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ ва шарту шароити корӣ таъмин гардидааст.
Аснои шиносоӣ иброз гардид, ки Маркази идоракунии Сарҳади давлатӣ аз нуқтаи идоракунии фаврӣ, нуқтаи фармондиҳӣ, маркази алоқа, хобгоҳ, ҳуҷраи корӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, барои фаъолияти корӣ ва назорати хати марзи давлатӣ дар ин ҷо шароити муосиру техникаи насли нави корӣ фароҳам оварда шудааст. Системаи идоракунии сарҳад аз воситаҳои мушоҳидавии рӯзона ва шабона, воситаҳои назорати ташкили муҳофизати сарҳад, системаи сабту банаворгирӣ иборат буда, имконият медиҳад, ки хати марзи давлатӣ ва сифатнок ба роҳ мондани хизмат дар сарҳад аз марказ ба тариқи мустақим идораву назорат карда шавад.
Мутахассисони соҳа Роҳбари давлатро бо фаъолияти маркази мазкур аз наздик шинос намуда, роҷеъ ба истифодабарии технологияи муосир ва усули кории он маълумот доданд. Иттилоъ дода шуд, ки фароҳамсозии шароити мазкур имконият дод, ки минбаъд гурӯҳи навбатдорон шабонарӯзӣ аз ҳамин ҷо тартиби ташкили муҳофизати сарҳад аз ҷониби сардорони ҷузъу томҳо ва тартиби пешбурди хизмати назоратчиёни сарҳадиро дар саросари Тоҷикистон назорат намуда, ҳамчунин дар ҳолати зарурӣ ба тартиби муҳофизати сарҳад тағйирот ворид намоянд.
Ҳамчунин Маркази идоракунии сарҳадӣ дорои нуқтаи махсуси алоқа буда, барои қабул ва фиристодани тамоми намуди ахбороти радиоӣ ва телефонӣ пешбинӣ гардидааст. Дар марказ радиостансияҳо ба самтҳо тақсимбандӣ гардида, ҳар як самт дар шабакаҳои алоҳида фаъолият менамоянд. Дар баробари хати муқаррарии барқӣ, ҳамчунин тамоми таҷҳизот ва воситаҳои алоқа барои фаъолияти доимӣ бо панелҳои офтобӣ таъмин гардидаанд. Бо истифода аз фаъолияти марказ ҳамчунин ҳамкорӣ байни сохторҳои қудратӣ ба воситаи шабакаи алоҳидаи радиоӣ ва телефонӣ ба роҳ монда шудааст. Қобил ба тазаккур аст, ки феълан дар ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳуҷҷатгузории электронӣ ба воситаи радиостансияҳои кӯтоҳмавҷ ба роҳ монда шудааст ва тамоми отрядҳои сарҳадиву дидбонгоҳҳо имконият доранд, ки тариқи харитаи электронӣ наряди сарҳадии худро назорат намоянд.
Сарвари давлат ҳамчунин бо корбарии Нуқтаи фармондиҳии маркази мазкур шинос шуда, мустақиман ҳисоботи роҳбарону намояндагони Қӯшунҳои сарҳадиро аз дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат гӯш карданд. Нуқтаи фармондиҳӣ бо техникаи муосири корӣ, воситаи махсуси алоқа ва хати баландшиддати интернет таъмин буда, бо истифода аз ин имконот метавон бо сарфаи вақт ҳолатҳои баамаломадаро аз марказ мустақиман назорат ва ҳаллу фасл намуд. Иттилоъ дода шуд, ки ҳамчунин тамоми маълумоти ҷамъовардашуда хаттӣ ё дар шакли электронӣ ба Нуқтаи фармондиҳӣ барои коркарду қабули қарор ворид карда мешавад.
Ҳамчунин Маркази идоракунии сарҳадӣ дорои дигар имкониятҳо, аз қабили толорҳои варзишӣ, утоқҳои корӣ ва хобгоҳ буда, барои такмили маҳорати касбӣ дар дохили он синфхонаи тирпарронии электронӣ ташкил гардидааст. Синфхонаи мазкур дар асоси барномаи махсуси компютерӣ фаъолият намуда, он бо дастгоҳҳои лазерӣ ва дигар аёниятҳои корӣ таъмин мебошад. Бо истифода аз ин имконият, ҳайати дастгоҳи марказӣ метавонанд, ки малакаи тирпарронии худро санҷида, ҳамчунин маҳорати худро ба ин васила такмил диҳанд.
Толорҳои варзишии марказ низ бо тамоми дастгоҳу таҷҳизоти муосир, ки барои машқу тамрини бадан пешбинӣ гардидаанд, таъмин мебошад.
Дар маҷмӯъ Маркази идоракунии сарҳад барои идоракунии ҷузъу томҳои сарҳадӣ пешбинӣ гардида, бо назардошти стандартҳои муосири байналмилалӣ бунёд гардидааст.
Аснои шиносоӣ Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истифодаи самараноки шароиту имкониятҳои фароҳамовардашуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода, аз кормандони ин ниҳод даъват ба амал оварданд, ки дар ҳифзи сарҳади давлатӣ ва иҷрои масъулияти бардӯшдоштаашон ҳушёру далер ва чусту чолок бошанд.