Навиди Вазорат



ҶАЛАСАИ ҲАФТУМИ КУМИТАИ ҲАМОҲАНГСОЗ ОИД БА СОДДАГАРДОНИИ РАСМИЁТИ САВДО

.

Рӯзи 29 майи соли 2019 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи ҳафтуми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо (КҲСРС) бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, бахши хусусӣ ва шарикони рушд баргузор гардид.

Ҷаласаро Раиси Кумита – Вазири рушди иқтисод ва савдо муҳтарам Неъматулло Ҳикматуллозода раисӣ намуда, иброз доштанд, ки мақсади асосии таъсиси КҲСРС ҳалли мушкилоти бахши хусусӣ ба ҳисоб рафта, муҳокима ва ҳалли масъалаҳои баррасишаванда бевосита ба татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва рушди босуботи иқтисодии кишвар мусоидат менамояд. 

Дар ҷаласаи мазкур ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳалли мушкилоти соҳаи нассоҷӣ, кешбофӣ ва дӯзандагӣ, инчунин имтиёзҳои пешниҳод гардида барои содирот ва воридоти маҳсулоти соҳаҳои номбурда аз ҷониби Кумитаи андоз, эътирофи сертификатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди дигар кишварҳо, мушкилоти воридкунандагон ва мониторинги иҷрои супоришҳои протоколии КҲСРС дар соли 2018 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон ҳайати нави аъзои КҲСРС, ки аз намояндагони корхонаву ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон созмон дода шудааст, муаррифӣ гардид.

Дар кори ҷаласа муколамаи озод байни намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ сурат гирифт. Пешниҳодҳои намояндагони бахши хусусӣ барои баррасӣ ба мақомоти давлатӣ пешниҳод карда шуданд.

Аз натиҷаи ҷаласа, супоришҳои дахлдор вобаста ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта бо протоколи ҷаласаи КҲСРС барои баррасӣ ва иҷро ба мақомоти марбут ирсол гардид.