Мулоқот бо аъзои Кумитаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Бундестаги Ҷумҳурии Федеративии Германия

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Рӯзи 13-уми июни соли равон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо аъзои Кумитаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Бундестаги Ҷумҳурии Федеративии Германия баргузор гардид.

Дар оғози вохӯрӣ муҳтарам Неъматулло Ҳикматуллозода аз ҳамкориҳои густурда ва мутақобилан судманди дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, дар бораи вазъи иҷтимоӣ - иқтисодии кишвар, гардиши савдои хориҷӣ ва ҷараёни амалишавии як қатор лоиҳаҳои бо саҳми ҷониби олмонӣ амалишаванда ёдовар шуданд.

Ҳамчунин вобаста ба дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ ва роҳҳои тавсеаи минбаъдаи он ва ҷалби сармояи олмонӣ барои амалисозии лоиҳаҳои нав мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар охир тарафҳо азми қавии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо иброз намуданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное