Навиди Вазорат



Баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки иқтисодии Тоҷикистону Туркия

.

5 августи 2019 дар Анқара ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ба кори худ оғоз намуд. Ҳайати ҷониби Тоҷикистонро раиси Комиссия, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода раҳбарӣ намуд. Дар рафти ин нишаст ҳайатҳои корӣ масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни ду кишварро баррасӣ карданд.

Вазири рушди иқтисод ва савдои кишвари мо дар чаҳорчӯби ин нишаст аз Парки фанноварӣ ва навоварии шаҳри Анқара дидан намуда, дар бораи имконияти ба роҳ мондани ҳамкориҳои минбаъда дар самтҳои мавриди эҳтимоми тарафайн бо роҳбарияти он парк табодули афкор намуд.

www.mfa.tj