Ифтитоҳи Меҳмонхонаи «Суғдиён» дар шаҳри Хуҷанд
Имрӯз ҳамчунин дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба фаъолияти Меҳмонхонаи замонавии «Суғдиён» оғози расмӣ бахшида, бо шароити муосири хидматрасонӣ дар он аз наздик шинос гардиданд.
Меҳмонхонаи замонавӣ аз 10 ошёна ва таҳхона иборат буда, он дар доираи дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи собиқ меҳмонхонаи «Ленинобод» навсозӣ гардида, бо муосиртарин шароиту имконоти хидматрасонӣ барои сайёҳону меҳмонон таъмин карда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки меҳмонхонаи «Ленинобод» соли 1976 сохта мавриди истифода қарор гирифта буд ва бо гузашти вақт зарурати таҷдиди он ба миён омад.
Дар ошёнаи якуми меҳмонхонаи «Суғдиён» нахуст ба Сарвари давлат лоиҳаи иншооти асосии таърихию сайёҳии сохташаванда ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд муаррифӣ карда шуд.
Таъкид гардид, ки ба пешвози ин ҷашни бузурги умумимиллӣ дар вилояти Суғд бунёди наздики 7000 иншооти дорои таъйиноти гуногун, аз ҷумла зиёда аз 40 меҳмонхона ба нақша гирифта шудааст.
Феълан дар шаҳри Хуҷанд барои қабули сайёҳон 13 меҳмонхона бо имконияти қабули 680 нафар дар як вақт фаъолият дорад ва барои сайёҳон 14 нуқтаи фурӯши маҳсулоти ороишӣ аз сангҳою металҳои қимматбаҳо, туҳфаҳои хотиравӣ, намунаҳои ҳунарҳои дастии ҳунармандон ташкил гардидааст.
Меҳмонхонаи замонавии «Суғдиён» дар шаҳри Хуҷанд дорои 172 ҳуҷра, аз ҷумла 20 ҳуҷраи люкс буда, имкони дар як вақт хидмат расонидан ба зиёда аз 300 нафарро доро мебошад.
Дар ошёнаи якуми меҳмонхона нуқтаи қабули меҳмонон, тарабхона ва нуқтаҳои фурӯши туҳфаҳо ҷойгир буда, маъмурият ва ҳуҷраҳои техникии ин иншооти хидматрасонӣ дар қабати дуюми бино фаъолият мебаранд ва дар 8 ошёнаи дигар барои меҳмонону сайёҳон шароити истироҳату фароғат ба таври мукаммал муҳайё гардидааст.
Ҳуҷраҳои ин иншооти хидмарасонӣ ба усули замонавӣ оро ва таҷҳизонида шуда, қисме аз онҳо бо истифода аз нақшу нигори миллӣ бо мақсади муаррифии ҳарчи бештари санъату ҳунари волои тоҷикон барои меҳмонону сайёҳони хориҷӣ омода гардидаанд.
Меҳмонхона ҳамчунин дорои толори маҷлис барои 60 нафар, толори варзишӣ, маҷмааи фароғатӣ, аз ҷумла ҳавзи шиноварӣ, ҳамоми туркӣ, буғхонаҳои хушк ва нам, нуқтаи гиёҳдармонӣ, тарабхона, кошонаи ҳусн ва дигар иншооти ёрирасон барои сайёҳону мизоҷон мебошад.
Дар меҳмонхона шароити васеи хизматрасонӣ, аз ҷумла сайёҳӣ ва тамошо барои мизоҷон мавҷуд буда, дар он 80 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Меҳмонхона бо меъёрҳои ҷаҳонӣ сохта шуда, дорои мағозаи ҷавоҳирот ва туҳфаҳои гуногун низ мебошад, ки дар он армуғонҳо бо нақшу нигоришҳои инъикоскунандаи фарҳангу арзишҳои миллӣ пешниҳоди меҳмонону сайёҳон карда мешавад.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки сохта ба истифода додани ингуна иншоот дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» барои ҷалби ҳарчи бештари таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистони дорои табиати зебою имконоти зиёди туристӣ такони тоза бахшида, ҷиҳати муаррифии ҳарчи бештари санъату тамаддуни пурғановати миллати мо ба хориҷиён имконоти васеъро фароҳам месозад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити хидматрасонӣ ва имконоти васеи истироҳату фароғати меҳмонону сайёҳон дар ин иншооти замонавӣ ба масъулин ҷиҳати муаррифии меҳмоннавозии хоси тоҷикона ба сайёҳону мизоҷони хориҷӣ дастуру ҳидоятҳои судманд дода, ифтитоҳи иншоотро туҳфаи арзишманд дар доираи таҷлил аз 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,ки дар таърихи давлатдории тоҷикон рӯйдоди муҳиму сарнавиштсоз маҳсуб меёбад, маҳз дар ҳамин меҳмонхона ба таври шабонарӯзӣ иқомат намудааст.
Дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо ҷонибдории кулли вакилон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Аз шаҳри Хуҷанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Роҳбари нави давлати соҳибистиқлол ба пойтахти кишвар рафтанд.