Таҷлили Истиқлоли давлатӣ дар Вазорати рушди иктисод ва савдо
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва корхонаҳои зертобеъ бахшида ба 28-умин солгарди "Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷамъомади тантанавӣ баргузор карда шуд.
Ҷамъомади идонаро бо сухани муқаддимавӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода ифтитоҳ карда, ҳозиринро бо фарорасии ҷашни фархунда - Истиқлоли давлатӣ самимона табрику таҳният намуданд.
Инчунин дар маҷлиси танатанавӣ ҳамчун меҳмон - Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Камол Насрулло ширкат варзид. Номбурда оид ба гиромидошти истиқлоли давлатӣ барои ҳозирин сухан карда, дар васфи истиқлолу Ватан аз ашъори тозаэҷодаш қироат намуд.
Дар анҷоми ҷамъомад фаъолони вазорат бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.