Навиди Вазорат



Сафари корӣ вобаста ба таҷлили Рӯзи Истиқлоли давлатӣ ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон

.

Рӯзи 6 сентябри соли ҷорӣ тибқи Рӯйхати намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷашнгирии Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода ҳамчун намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии бахшида ба 28 - умин солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ширкат варзиданд.

Сараввал Вазири рушди иқтисод ва савдо аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ, дастовардҳо ва анъанаҳои мардуми ноҳия боздид ба амал оварда, ҳифз, такомул, эҳё ва ривоҷи онҳоро барои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Сипас тибқи дастури Пешвои миллат дар чорабинии идона суханронӣ намуда, аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, бунёди иншооти соҳаи иҷтимоӣ, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти муҳими стратегӣ ва ривоҷи ҳунарҳои милливу мардумӣ дар ҷумҳурӣ, аз он ҷумла дар ноҳияи Панҷ ёдовар шуданд.