Мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон
Рӯзи 11 сентябри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷаноби Муҳаммадтақӣ Собирӣ баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ тарафҳо дар бораи ҷоннок намудани ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, аз ҷумла боло бурдани гардиши савдои хориҷӣ, ҷалби сармоягузорӣ, истифодаи иқтидорҳои транзитии кишварҳо, идомаи ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика, ҳамкорӣ дар бахши хусусӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ғайраҳо мубодилаи афкор намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда баён карданд.