Навиди Вазорат



Баимзорасонии Шартномаи маблағгузории лоиҳаи занҷираи арзиши иловашуда дар соҳаи кишоварзӣ бо Бонки Олмонии Рушд.

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Имрӯз 18 сентябри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдо - Неъматулло Ҳикматуллозода ва Роҳбари Дафтари Бонки Олмонии Рушд (KfW) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дуктур Андреас Шнайдер маросими баимзорасонии Шартномаи маблағгузории лоиҳаи занҷираи арзиши иловашуда дар соҳаи кишоварзӣ байни Бонки Олмонии Рушд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои Вазорати рушди иқтисод ва савдо баргузор карда шуд.

Маблағи умумии шартномаи мазкур 9 600 000 евроро ташкил намуда, он барои амалигардонии лоиҳаи занҷираи арзиши иловашуда дар соҳаи кишоварзӣ равона карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки шартномаи баимзорасида дар асоси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия дар бораи ҳамкории молиявӣ барои солҳои 2016 – 2017 таҳия гардидааст.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное